Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар айни замон бо мақсади идоракунии сарбории соатҳои авҷ дар шабакаи асосӣ ва баланд бардоштани иқтидори умумии насбшудаи низом сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят бо иқтидори 3 МВт дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон идома дорад. Ҳоло зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи офтобӣ анҷом ёфтаанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аввалин неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ва ба истифода дода шудаанд, то деҳаҳои дурдасти ин минтақаи кӯҳистонро бо неруи барқ таъмин намоянд.
Таҷрибаи аввалини сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб-минтақаи дурдаст, вале бо имконияти бузурги энергияи офтобӣ ба даст оварда шуд. Дар ин ноҳия соли 2020 нахустин неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 кВт ба фаъолият шуруъ кард. Дар давраи истифода неругоҳ самаранокии худро пурра собит намуд. Баъдан иқтидори неругоҳ то 800 кВт баланд бардошта шуда, низоми нигоҳдории энергия бо батареяҳо дар ҳаҷми 1,2 МВт-соат насб гардид.
Ҳамзамон моҳи июни соли 2025 дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб неругоҳи нав бо иқтидори 2,8 МВт (бо низоми нигоҳдории энергияи 1,4 МВт-соат) ба истифода дода шуд. Ҳоло ин на танҳо бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон, балки нахустин неругоҳи офтобии ҷаҳон мебошад, ки дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр бунёд карда шудааст. Танҳо дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2025 ин неругоҳи офтобӣ беш аз 75 МВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст.
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳҳои барқи офтобии Гулзор бо иқтидори 450 кВт (батарея 220 кВт-соат), Булункӯл бо иқтидори 565 кВт (батарея 360 кВт-соат), Қарасу бо иқтидори 95 кВт (батарея 30 кВт-соат), Оқтал бо иқтидори 190 кВт (батарея 130 кВт-соат), инчунин неругоҳи офтобии Харгушӣ бо иқтидори 100 кВт (батарея 120 кВт-соат) дар ноҳияи Ишкошим ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми деҳаҳои вилоят тавассути сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэътимод таъмин карда мешаванд.
Дар маҷмуъ, дар доираи Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» сохтмони 44 шабакаи худмухтори хурд бо истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ карда шудааст, аз ҷумла 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ. Қисме аз ин иншоот аллакай ба фаъолият оғоз кардаанд, қисмате дар марҳилаи сохтмон қарор доранд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои бузургтарин захираи энергияи офтобӣ дар тамоми Осиё мебошад – дар ин ҷо дар як сол зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад ва сатҳи миёнаи нурафкании Офтоб тақрибан 4,5-5,5 кВт-соат/м²-ро дар як рӯз ташкил медиҳад.
Дар робита ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон воридоти панелҳои офтобӣ ба ҷумҳурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Дар ин самт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд имтиёзи андозӣ ва ҳавасмандкунӣ пешбинӣ карда шуд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва таҳвилӣ, панелҳои офтобии истеҳсоли худӣ дар дохили ҷумҳурӣ воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо назардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвентор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он то 1 январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Инчунин тибқи ин қонун, масоҳати объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он) ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он бо андоз аз объектҳои ғайриманқул андозбандӣ карда намешаванд. Инчунин бо мақсади зиёд намудани иқтидори энергетикии мамлакат ва рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 353 Кодекси андоз заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (бо иқтидори номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он) насб шудаанд, ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани онҳо аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба гардиши кишоварзӣ 567 гектар замин ворид карда шуд
Соли 2025 дар гармхонаҳои Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон 3 ҳазору 932 парванда баррасӣ карда шуд
Кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад
Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд






