БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор ҷиҳати татбиқи он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар шаҳри Ҳисор соли 2026 қариб 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад, гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Нуралӣ Холов.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки танҳо дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Турсунзода, қитъаи Ҳисор, шафати роҳи Шоҳамбарӣ –Ҳисор ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳр дар асоси хулосаи олимон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ беш аз 2200 бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла арча, павлония, санҷид, сада, сафедор, дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор тибқи нақша мебоист беш аз 15 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд. Дар маҷмуъ 40 ҳазору 290 бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳандаи мутобиқ ба иқлими маҳал шинонида шуд.
Масалан, дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Алмосӣ, ки иқлимаш нисбатан сард аст, ниҳоли дарахтони ба сардӣ тобовар- навъҳои гуногуни арча ва сӯзанбарг, дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор, Ориён, Мирзо Ризо, Сомон ва Деҳқонобод ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда, ки ба гармӣ тобоваранд, шинонида шуданд.
Ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонида соли 2025 новобаста ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво хуб ба роҳ монда шуда, танҳо 23 фоизи ниҳолҳои шинонида хушк шуданд. Ин ҳолат ба гармии тоқатфарсо, дар баъзе минтақаҳо риоя нагардидани техникаи ниҳолшинонӣ ва бемасъулиятии баъзе шахсони мутасаддӣ рабт дошт.
Бояд гуфт, ки бо мақсади сабзу хуррам гардонидани шафати роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин шаҳрвандон ва кормандони муассисаю корхонаҳои шаҳр ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҷалб карда мешаванд. Бахусус дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳалҳои гуногуни шаҳр ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад. Дар он сокинон фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррам гардонидани маҳали зист саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини муассисаҳо бо ниҳол дар мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор дар 10-12 гектар 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият менамоянд. Дар асоси Барномаи давлатии кабудизоркунӣ бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар 2 гектар ниҳолхона ташкил карда шуд. Дар он ҳоло 36 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда парвариш меёбанд. Соли равон аз ҳисоби ниҳолхона се ҳазор ниҳол барои шинонидан бароварда мешавад.
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи он то соли 2040 дар мамлакат беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шуда, Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад. «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст. Дар доираи ин барномаи давлатӣ қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар зиёда аз 50 гектар барои парвариши ниҳоли дарахтони гуногун ва гулу буттаҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ таъсис дода шудаанд.
Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар буда, аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад. Имрӯз он дар мамлакат яке аз масъалаҳои ҳалталаб маҳсуб мешавад.
Дар маҷмуъ, таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» иқдоми муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардида, дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон қадами муҳим ва саривақтӣ аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






