Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Январь 2, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, ки ин маблағ нисбат ба соли 2024   285 ҳазору 122 сомонӣ (20 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Соли 2025 дар даври якуми озмунҳои ҷумҳуриявӣ 111 ҳазору 37 нафар иштирок намуд. Аз онҳо 90 нафар беҳтаринҳо дар даври ниҳоӣ 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Ҳамчунин соли 2025 иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ зиёд гардида, дар сатҳи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 800 ҷойи ифтихорӣ (259 адад зиёд) ва аз олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ 906 медал (460 адад зиёд) ба даст оварданд, ки ин натиҷа нисбат ба солҳои гузашта нишондоди баланд аст.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми ғолибони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин омӯзгорони онҳо қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Январь 2, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад