Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ доир ба аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, нақши мақомоти қонунгузорӣ ва ҷомеаро дар иҷрои дастуру супоришҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати сиёсию экологӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо баёни рӯйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуда, Президенти мамлакат нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон намуданд.
Ҳамчунин аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои дигари муҳимми сол арзёбӣ шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зарафо Қиёмзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву барномавӣ шарҳ дода, доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист ба ҳозирин маълумот дод.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






