Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни Садаро пуршукуҳ таҷлил намуданд

Январь 30, 2026 09:00

СУҒД, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар маркази ноҳияи Айнӣ-дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бостонии Сада бо иштироки васеи сокинон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, меҳмонон ва аҳли фарҳанг бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз намуд, ки ҷашнҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнав эҳё гардида, имрӯз бо шукуҳу ҷилои хос таҷлил мегарданд. Сада рамзи нур, гармӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ буда, аз фарорасии баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз мужда медиҳад.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана ба рӯйхати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гардид. Ин нишони эътирофи байналмилалии фарҳанги куҳани миллати тоҷик мебошад.

Халқи тоҷик бо таъриху фарҳанги куҳан ҳамеша ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ арҷ мегузорад. Ҷашни Сада мисли Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ ба шумор рафта, аз рӯзгор, маънавиёт ва фалсафаи зиндагии мардуми деҳқон дарак медиҳад. Таҷлили он ба анҷоми чиллаи калон рост омада, оғози корҳои кишоварзӣ, бахусус боғпарвариро ифода менамояд. Ҷашни Сада таҷассумгари ормонҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстӣ, меҳнат, созандагӣ ва ободии Ватан даъват менамояд.

Сипас меҳмонони чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту мева, маҳсулоти боғдорӣ, инчунин намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ — гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дигар навъҳои ҳунари дастӣ пешниҳод гардиданд.

Иштироки фаъолонаи мардум дар ҷашни Сада шаҳодати арҷгузории ҷомеа ба суннату анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии тоҷикон арзёбӣ гардид. Барои саҳми арзанда дар ташкили сатҳи баланди намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолон сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Январь 30, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада