Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд

Январь 22, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар мавзуи «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсионӣ» машварат баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машварат мутахассисони Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии академия дар мавзуи асосҳои бехатарии радиатсионӣ якчанд муаррифӣ ва сессияҳои интерактивӣ баргузор намуданд. Дар онҳо масъалаҳои назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои хавфнок, истифодаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва аҳамияти муоинаҳои мунтазами тиббӣ баррасӣ карда шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳавзҳои партови уран дар ноҳия зоҳир гардид, ки дар онҳо миқдори зиёди партовҳо боқӣ мондаанд.

Ба иштирокчиён оид ба кам кардани таъсири радиатсия дар ҳаёти рӯзмарра, аз ҷумла истифодаи бехатари заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои об тавсияҳои амалӣ дода шуданд. Иброз гардид, ки машварат барои онҳо дар бораи ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист донишҳои арзишманду амалӣ фароҳам овард. Маълумоти бадастомада ба онҳо имкон медиҳад дар фаъолияти ҳаррӯза усулҳои амнтарро истифода баранд ва донишҳои гирифтаашонро ба дигар сокинони ҷомеа интиқол диҳанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 22, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш