Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, таъсири бориши жола ва ҳифзи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Раёсати Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Сохтмони стансияи зиддижола бо маблағгузории Бонки рушди Осиё амалӣ мегардад. Ин иншоот дар ҳифзи боғу токзор, бахусус дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ нақши муҳим мебозад. Стансия имконият дорад, ки майдонҳои васеи боғу токзорро дар масофаи беш аз 100 километр аз таъсири манфии бориши жола муҳофизат намояд. Он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир бунёд гардида, боғу токзори шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истаравшанро аз таъсири жола ҳифз менамояд.
Бо назардошти он ки ин ноҳияҳо минтақаҳои асосии боғу токпарварии мамлакат ба шумор мераванд, татбиқи роҳу усулҳои муосири ҳифзи ҳосил аз тадбирҳои муҳим ва судманд арзёбӣ мегардад. Пароканда намудани абрҳои хатарнок ва пешгирии бориши жола имкон фароҳам меорад, ки ҳосили деҳқонон аз талафёбӣ пешгирӣ карда шавад.
Бунёди чунин стансияи замонавии зиддижола дар водии Зарафшон низ дар назар дошта шудааст.
Корҳои сохтмониро дар ин иншоот мутахассисону масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-3» ба уҳда доранд. Онҳо кӯшиш доранд, ки сохтмон то оғози мавсими бориши имсола ба анҷом расонида шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид






