Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар селроҳаи деҳаҳои Шараф ва Иқболи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи умумии 900 метр бо паҳнои 6 метр ва баландии то 4 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин корҳо ба таҳкими соҳилҳои селроҳа, танзими ҷараёни об ва пешгирии вайроншавии заминҳои атроф равона карда шудаанд. Ба ҷараёни корҳо техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб гардида, тадбирҳо мутобиқ ба меъёрҳои бехатарӣ ва талаботи муҳандисӣ иҷро карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ коҳиш додани хавфи омадани селу обхезиҳо, таъмини амнияти аҳолии маҳаллӣ, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ аз офатҳои табиӣ мебошад. Иҷрои чунин тадбирҳо ба пешгирии хисороти эҳтимолӣ, таъмини зиндагии устувори аҳолӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мусоидат мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва таъмини амнияти минтақаҳо мунтазам корҳои муҳандисӣ ва пешгирикунандаро амалӣ менамояд.
Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки соҳилмустаҳкамкунӣ яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ мебошад. Масалан, дар якчанд маҳалҳои осебпазири ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаҳое, ки солҳои қаблӣ дар натиҷаи бориши шадид ва фаромадани сел ба манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ хисорот расида буд, баъди анҷом додани соҳилмустаҳкамкунӣ хатари такрорёбии чунин ҳолатҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла, дар баъзе деҳаҳое, ки пештар ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон сел хатар эҷод мекард, пас аз мустаҳкам кардани деворҳои муҳофизатӣ ва ба низом даровардани селроҳаҳо селҳо бе расонидани зарар гузаштанд. Ин тадбирҳо имконият фароҳам оварданд, ки манзилҳои аҳолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ҳифз гардида, амнияти сокинон таъмин карда шавад.
Ба роҳ мондани корҳои муҳандисӣ ва пешгирикунанда, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ на танҳо хисороти молиявиро коҳиш медиҳад, балки ба таъмини рушди устувори маҳалҳо ва болоравии сатҳи эътимоди аҳолӣ ба тадбирҳои давлатӣ дар самти ҳифз аз офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






