Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад

Январь 12, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) дар маркази ноҳияи Деваштич — шаҳраки Ғончӣ бинои маркази ҷавонони ноҳия сохта мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд,  бино аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ сохта мешавад.

Бинои марказ тибқи лоиҳа аз 3 ошёна, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ барои ҷавонон иборат мешавад.

Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, бино бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида сохта мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ  барои ҷавонони ноҳия дар самти забономӯзӣ, азхуд кардани нозукиҳои технологияи муосир, ҳунарҳои гуногун ва ташкили маҳфилу чорабиниҳо имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.

Бояд гуфт, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон намуданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Январь 12, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад