Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар 40 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб таҳти шиори «Тарбияи ватандӯстӣ аз худшиносии миллӣ сарчашма мегирад» бо хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ин вохӯриҳо дар доираи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монда шудаанд.
Баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳамзамон ба пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии ин насли ояндасози ҷомеа равона шудааст.
Гуфта шуд, ки ҳарчанд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди худ бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Ин омил оқибати хуб надошта, боиси сар задани қонуншиканию ҷиноятҳо мегардад.
Аз маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва аҳли ҷомеа тақозо карда шуд, ки нисбат ба ояндаи ноболиғону ҷавонон- насли ояндасози миллату давлат бетараф набуда, барои ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






