Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд

Январь 26, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию беҳдоштӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд. Доир ба ин ҳолатҳо нисбат ба қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 миллиону 309 ҳазору 977 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 8 ҳазору 507 килограмм маҳсулоти ширӣ, 722 литр равғани растанӣ, 20 ҳазору 374 дона тухми паранда, 482 килограмм моҳӣ, 364 килограмм асал, 4 ҳазору 145 килограмм маҳсулоти намакин, 4 ҳазору 762 маҳсулоти хушк, 122 ҳазору 966 килограмм меваю сабзавот ва 12 ҳазору 311 маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд.

«Дар самти назорати зотпарварӣ оид ба ҳифзу нигаҳдошт ва такмилдиҳии фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар қаламрави ҷумҳурӣ парваришёбанда корҳои назорати зотпарварӣ идома ёфтанд. Ҳамзамон риояи талаботи қоидаҳои зотпарварӣ дар 80 субъекти хоҷагидории зотпарварии фаъолияткунанда ва дигар хоҷагиҳои чорводорӣ, новобаста аз шакли моликият таҳти назорат қарор дорад», — гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид