Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ муҳим мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суиистеъмоли он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон минбаъд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилаҳамоишу вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






