Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами таҳким ва густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона ва бародаронаи ду давлат дар заминаи эҳтироми мутақобил ва муштарак рушд меёбанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба сатҳи баланди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ишора намуда, нақши парлумонҳоро дар таҳкими ин раванд муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти қонунгузорӣ, табодули таҷриба байни парламентҳо, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва рушди робитаҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






