ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбола таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Дубай аввалин бозии дӯстона анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 13 январ наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ бозӣ карданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ғолиби рақобат дар силсилаи забарҳои ёздаметра муайян карда шуд, ки дар он дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 10:9 бартариро соҳиб шуд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро 16 январ дар шаҳри Дубай бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






