Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2026 12:24

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо», Отряди сарҳадии «Ёл», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.

Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.

Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд.

Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шуд.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад, ки  барои  таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба  сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур бо дастрасии моддаҳои 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2026 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд