Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд

Январь 22, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Таҳияи лоиҳаи барномаи дастгирии буҷети грантии Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбию техникӣ барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ашурализода бо намояндаи қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел Биггот Винсент баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ  тамдиди барнома дар таҳкими ислоҳоти соҳаи маориф ва меҳнат, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани фарогирии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.

Аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки марҳилаҳои нави он ба самтҳои рушди маҳорати «сабз» ва дастгирии гузариш ба иқтисоди «сабз», рақамисозӣ дар соҳаи касбомӯзӣ, таълими калонсолон ва бозори меҳнат, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон ва шахсони маъюб, тавассути омӯзиш баланд бардоштани малака ва мусоидат ба шуғл равона карда шаванд.

Биготт Винсент аз номи Иттиҳоди Аврупо барои идомаи ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва фарогирро таъкид намуд.

Инчунин зимни вохӯрӣ татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнат» ва «Барномаи дастгирии буҷет барои солҳои 2023–2025» баррасӣ гардид.

Дар доираи ин лоиҳаҳо самаранокии ҳадафҳои пешбинишуда таъмин карда шуд. Аз ҷумла, марказҳои рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир (марказҳои таълими калонсолон) таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд, раванди таълим рақамӣ карда шуд, стандартҳои салоҳияти касбӣ ва Низоми иттилооти идоракунии маориф дар марказҳои таълими калонсолон таҳия карда шуд, пурсиш оид ба меҳнати кӯдак гузаронида шуд. Инчунин дар бахшҳои сохтмон ва нассоҷӣ кумитаҳои соҳавӣ таъсис ёфтанд, ки ҳамчун мақоми машваратӣ дар рушди малакаи соҳавӣ, таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва захираҳои инсонӣ хизмат мекунанд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид