Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз зиёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Инчунин дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол аз сол афзоиш меёбад, ки ин ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад.
Яке аз қадамҳои муҳими давлат дар самти дастгирии омӯзгорон- ин зиёд шудани маоши онҳо мебошад. Дар чанд соли охир маоши омӯзгорон борҳо зиёд шуд, ки ин иқдом дар баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа нақши назаррас дорад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад.
Ин тадбирҳо маҳз ба он равона шудаанд, ки омӯзгорон ба такмил додани дониш ва малака бештар рӯ оварда, бо талаботи замон ҳамқадам бошанд.
Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд, «калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии хонандагон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгиирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки дар рушди соҳа амалӣ карда мешаванд.
Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва беҳтар гардидани вазъи кормандони муассисаҳои таълимӣ далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Бо инобати ин Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ намуда, барои пешрафти он аз тамоми имконот истифода мебарад. Зеро танҳо бо насли донишманд ва босавод метавон ҳамқадами замон буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад






