Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид

Январь 26, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 январ вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини якуми директори генералии Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «COMAC» Лян Тсюмин ва роҳбари Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» Чжу Юйлун баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои харидории ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати «COMAC» ва имконияти ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоиро бо шаҳрҳои дигари Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки вохӯрии мазкур ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 июли соли 2025 аз ҷониби ширкати «Chengdu Airlines» парвозҳо дар хатсайри «Хуҷанд — Қошғар — Хуҷанд» бо басомади як маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ширкати мазкур дар нақша дорад, ки парвозҳои худро бо дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 26, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд