МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Санг дар гурда ва дигар қисматҳои роҳҳои пешобгузар дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба миён меояд. Сангҳо новобаста ба синну сол ва шахсият метавонанд дар дилхоҳ қисмати гурда ва роҳҳои пешоб пайдо шаванд. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб, ба ин беморӣ бештар мардон гирифтор мешаванд. Инчунин дард ва нишонаҳои он дар фасли зимистон авҷ мегирад. Чунин иброз намуданд мутахассисони соҳаи тиб.
Омили вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон мубодилаи обу намак ва таркиби химиявии хун мебошад. Ба ғайр аз ин пайдоиши санг дар узвҳои пешоббарор метавонад аз чунин омилҳо вобаста бошад: ирсият, бемориҳои бардавоми узвҳои ҳозима (гастрит) ва захми меъда, вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ, бемориҳои гуногуни гурда ва дигар узвҳои пешоббарор — пиелонефрит, простатит, систит, нефроптоз, муддатҳои зиёд камоб мондани бадани инсон, осеббардорӣ ва дигар бемориҳои устухон — остеомиелит, остеопороз ва ғайра.
Ба тавсияи мутахассисон, норасоии витаминҳои D ва UV, истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти афзояндаи кислотаи пешоб— хӯрок (намак), истифодаи зиёди моеи намакдор дар таркиби хӯрок омили пайдошавии санг дар гурда низ мебошанд. Дар баъзе беморон аз меъёр зиёд будани калтсий низ сабаби пайдо шудани санг дар гурда мегардад.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар чунин нишонаҳо доранд: дард дар қисмати камар, новобаста аз ҳаракат, пайдоиши хун дар таркиби пешоб – одатан ин ҳолат баъд аз дарди сахт, фаъолияти вазнини ҷисмонӣ ё меҳнати вазнин рух медиҳад. Ҳангоми пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд сари вақт ба мутахассис муроҷиат кард.
Ташхиси беморон бо якчанд усулҳо анҷом дода мешавад, ба монанди таҳлили умумӣ ва биохимиявии пешоб, таҳлили биохимиявии хун, ки ин усул имкон медиҳад вайроншавии мубодилаи моддаҳо зуд муайян карда шавад. Инчунин ташхиси ултрасадо имкон медиҳад, ки пайдоиш ва ҳаҷми санг муайян карда шавад, рентген, томографи компютерӣ имкон медиҳад, ки сохт ва кори гурдаҳо ва масона пурра муайян карда шавад. Дар ҳолати муайян гардидани беморӣ мутахассиси соҳа ба бемор табобати зарурӣ тавсия медиҳад.
Барои нигоҳ доштани саломатии гурдаҳо ҳар яки моро мебояд, ки дар як шабонарӯз 1-1,5 литр об нӯшем, ҳадди ақалл дар як сол як маротиба аз ташхиси хуну пешоб барои муайян намудани кори гурдаҳо гузарем, тарзи дурусти ҳаёти солимро пеш барем, доим дар ҳаракат бошем, бештар ба ғизои солим рӯ оварда, аз меваҳои тару тоза истеъмол намоем. Ҳамчунин аз одатҳои бад даст кашида, вазни бадан ва фишори худро таҳти назорат нигоҳ дорем.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад






