МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд

Январь 23, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агенти обуҳавошиносии мамлакат, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ бориши барф ба қайд гирифта шуд.  Боғпарварон бояд аз ин рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд. Яке аз тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзон бо ин роҳ метавонанд барои захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина гузоранд. Деҳқонон бояд аз ин рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба деҳқонони мамлакат. 

Моҳи аввали зимистони имсола  гарм ва камбориш сипарӣ гардид, аз ин рӯ дар боғҳо гузаронидани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Ҳамин маъракаи яхобмонӣ дар оянда дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад.

Ба иттилои Ҳикматулло Назиров, дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро беҳтар мекашад ва микроорганизму ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Хуб мешавад, ки дар ин фасл мо обёриро якчанд рӯз пайи ҳам таъмин намоем.

«Агар хоҷагидорон  сари вақт  обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Дар ин давра заминҳои лалмиро бояд шудгор ва  атрофи дарахтонро нарм намоем»,- изҳор дошт коршинос.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба яхобмонӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки «бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта,  дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд».

Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  карда мешаванд.

Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Ӯ чунин мешуморад, ки вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Ҳикматулло Назиров илова намуд, ки корҳои   дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад