МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Расонидани ёрии аввалин ба бемор яке аз тадбирҳои сабук гардонидани ҳолати дард дар организм ба ҳисоб меравад. Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад. Оё ҳама инсонҳо тарз ва усули расонидани ёрии аввалинро ба беморон медонанд? Агар фарзанди шумо дар хона якбора бемор шавад, ба ӯ чӣ гуна кумак мерасонед? Ба беморони дигар чӣ гуна ёрии аввалин расонидан мумкин аст? Дар робита ба ин саволҳо табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе Шоира Раҷабова ба АМИТ «Ховар» чунин посух дод:
— Расонидани ёрии аввалин ба беморон яке аз роҳҳои асосии бартараф намудани хатари беморӣ ба саломатии инсонҳо мебошад. Ҳар шахс новобаста ба касбу ихтисос бояд тарзи расонидани ёрии аввалинро ба шахси бемор донад.
Ба таъкиди мутахассисон, барои расонидани ёрии аввалин дар тамоми хонаҳо ва корхонаю ташкилот бояд доруқуттӣ бо ашёи тиббӣ ва чанд намуд доруворӣ ҳатман бошад. Инчунин доштани ҳароратсанҷ ва тонометр (дастгоҳи фишорсанҷӣ) дар ҳар оила ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан чӣ бояд кард?
Шоира Раҷабова иброз намуд, ки вақте ки ҳарорати бадан баланд мешавад, ин муборизаи организм ба ягон навъи беморӣ аст. Яъне, ҳарорати бадан дар организми инсон вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад. Агар мо дар ин ҳолат ба бемор ёрии аввалин нарасонем, таби баланд ба бадани бемор таъсир мерасонад. Баландшавии ҳарорати бадан, новобаста ба синну сол хатарнок мебошад.
Дар робита ба расонидани ёрии авалин ҳангоми баланд шудани ҳарорати баланд дар кӯдакон ҳамсуҳбати мо чунин тавсия дод: «Волидон ҳангоми баланд будани ҳарорати бадани кӯдакон бояд чунин амалҳоро иҷро намоянд: агар ҳарорат аз 37,4 ё 37,5 боло бошад, бояд ба кӯдак оби ҷӯшонида нӯшонид, бо оби гарм ва бо спирти 70- фоиза молидани бадан низ ба паст шудани ҳарорат мусоидат мекунад. Дар баъзе одамон зимни баланд шудани ҳарорат дасту пой хунук мешавад, дар ин ҳолат дар зарфи пластикӣ оби ҷӯш гирифта, онро бо матои пахтагин печонида, дар таги пойи бемор мондан зарур аст. Агар ҳарорати баланд поён нафарояд, барои паст намудани ҳарорат истеъмол намудани дору ҳатмӣ мебошад. Модарон дар ин ҳолат бо ҳароратсанҷ пайваста бояд ҳарорати бадани кӯдакашонро назорат кунанд».
Кӯдак ба нӯшокии зиёд эҳтиёҷ дорад, оби ҷӯшонидашуда, шарбат, чой, маҳлулҳои физиологӣ (регидрон) нӯшонидан барои барқарор намудани оби бадани кӯдак кумак мерасонад. Дар ин ҳолат нӯшонидани шир ва ширинӣ мумкин нест, зеро ин нӯшокиҳо сабаби қайкунӣ, дарди шикам ва дарунравӣ мешаванд. Гузоштани латтаи тар дар пешонӣ низ як роҳи паст кардани ҳарорати кӯдак мебошад. Агар сар ва танаи кӯдак гарм бошаду дасту пойҳояш хунук, дар ин ҳолат кашишхӯрии мушакҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин вақт бояд кашишхӯриро аз байн бурд. Чӣ тавр? Аввал дасту пойҳои хунукшударо гарм кардан ва додани ҳабҳои вобаста ба синну сол тавсия дода мешавад. Агар баъди ҳамаи ин амалҳо ҳарорат бетағйир боқӣ монад, ба духтур муроҷиат намудан зарур аст.
Ёри аввалин ҳангоми хунравии бинӣ
Хунравӣ аз бинӣ ҳолате мебошад, ки ҳангоми вайрон шудани сохти рагҳо дар ковокии бинӣ ба амал меояд. Оризаҳои хунравӣ низ гуногун мебошанд. Ҳангоми хунравӣ ба ковокиҳои бинӣ лӯндачаи аз пахта ё аз ғелаки аз дока омодашударо ба маҳлули 3-фоизаи перекиси ҳидрогенӣ тар намуда, бояд гузошт. Инчунин паҳлуи нарми биниро бо ангуштон зер намуда, беморро дар ҳолати нимнишаст нигоҳ дошта, ба болои бинӣ ях мегузорем.
Агар ҳангоми хунравӣ усулҳои гузаронида натиҷа надиҳанд, аз маводи доруворӣ барои баланд бардоштани лахтабандии хун- маҳлулҳои викасол, детсинон, кислотаи аминокапрон, глюконати калтсий истифода намудан тавсия дода мешавад.
Ба шахси сактаи мағзи сар гузаронида чӣ гуна ёрии аввалин мерасонанд?
Инсулт ё сактаи мағзӣ бемории бисёр хатарнок аст. Бо муайян кардани аломатҳои он ва расонидани ёрии аввалин ба бемор шумо метавонед ҷони ӯро наҷот диҳед.
Нафаре, ки ба инсулт ё сактаи мағзӣ гирифтор мешавад, онро ба тавре бихобонед, ки сараш аз сатҳи ҷои хобидааш 30 дараҷа болотар қарор гирад. Ба бемор нафаси озод гирифтанро таъмин намоед. Бояд либоси танг, тасма ё ҳар чизи дигар, ки метавонад ба нафаскашии ӯ халал расонад, аз баданаш дур карда шавад. Инчунин вуруди ҳавои тозаро ба утоқи бемор таъмин намоед. Агар бемор дучори дилбеҳузурӣ шуд ё ба партофтан даромад, сари ӯро оҳиста ба як тараф гардонед. Ин имкон медиҳад, ки роҳҳои нафаскашиаш муҳофизат шаванд. Баъд аз поён ёфтани қайкунӣ даҳони беморро поку тамиз созед.
Барои муайян намудани набзи бемор ҳатман фишори артериалиашро санҷед ва нишондодҳоро ҷое сабт намоед, ки ба табибон нишон диҳед. Агар фишор баланд бошад, бояд ба бемор доруи фишорпасткунанда бидиҳед. Агар дору набошад, ба болои пои бемор грелка ё шишаеро бо оби гарм гузоред. Инчунин нӯшонидани лимӯчой ва чойи сабз низ тавсия дода мешавад. Барои насӯхтани бемор ҳарорати обро бояд танзим кард.
Агар фишори артериалии бемор баланд бошад, ба ӯ нагӯед. Шумо эҳсоси худро нигоҳ дошта, тарсу ҳаяҷонатонро бояд ба бемор нишон надиҳед. Бо бемор ҳар қадар метавонед орому ботамкин суҳбат кунед ва ба ҳар васила дастгирии маънавиятонро нишон диҳед. Баъди омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ» шумо бояд ба табибон тамоми ҷузъиёти воқеаро хабар диҳед.
Агар дар бемор чунин нишонаҳо: қисман ё пурра аз ҳуш рафтан, аз даст додани қобилияти ҳарф задан ва инчунин аз даст додани қобилияти фаҳму дарки сухани каси дигар, саргиҷа ё сарчархзании шадид, аз даст додани ҳамоҳангӣ ва ҳисси мувозинат мушоҳида намудед, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Ёрии аввалин ҳангоми баланд шудани фишори хун
Фишори муқаррарии хун дар аксар одамоне, ки фишори баланди хун доранд, аломатҳо надорад. Дар баъзе ҳолатҳо одамоне, ки фишори баланди хун доранд, метавонанд дар сар ё қафаси синаашон зарбаи сахт дошта бошанд, эҳсоси чарх задани сар ё аломатҳои дигар. Бе нишонаҳо одамоне, ки фишори баланди хун доранд, метавонанд солҳо бехабар бошанд, ки ин ҳолат доранд.
Тибқи муқаррароти ҷадвали фишори хун, танҳо яке аз рақамҳо бояд баландтар ё пасттар аз он бошад, ки ин фишори баланди хун ё фишори пасти хун ҳисоб карда мешавад:
- 90 бар 60 (90/60) ё камтар: шумо шояд фишори хуни паст дошта бошед.
- Зиёда аз 90 бар 60 (90/60) ва камтар аз 120 бар 80 (120/80): фишори хуни шумо идеалӣ ва солим аст.
- Зиёда аз 120 бар 80 ва камтар аз 140 бар 90 (120/80-140/90): шумо нишондиҳандаи муқаррарии фишори хун доред, аммо он каме баландтар аз он аст ва шумо бояд кӯшиш кунед, ки онро паст кунед.
- 140 бар 90 (140/90) ё баландтар (давоми чанд ҳафта): шумо метавонед фишори баланди хун (гипертония) дошта бошед. Ба табиб ё ҳамшираи шафқат муроҷиат кунед ва ҳама доруҳоеро, ки онҳо ба шумо медиҳанд, бигиред.
Фишори хун на танҳо ҳангоми асабоният баланд мешавад, балки ба дигар омилҳои бемориҳо низ вобаста мебошад. Агар шумо бо нафаре рӯ ба рӯ мешавед, ки фишори хунаш баланд аст, ӯро аввал ором намуда, аз ҳаракат намудан нигоҳ доред. Пас аз аз санҷиши фишори хун аз баланд будан ва ё паст огоҳ шуда, ба ӯ доруи заруриро диҳед. Дар ҳолати набудани дору ба шахси фишори хунаш баланд додани оби ҷӯш ва чойи кабуд зарур аст. Ба нафаре, ки фишори хунаш паст аст, ширинӣ диҳед. Баъдан бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намуд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар инсон, новобаста аз синну сол бояд фишори хуни худро донад, ки чӣ қадар аст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?






