Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд

Январь 22, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти нави омӯзишӣ таъмин карда мешаванд. Ба ин хотир 20 январ мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони миссияи Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти нави омӯзишӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ дар мавзуи касбу ихтисосҳои муосир ва таҳияи дарсҳои маҳорат бо иштироки омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Афзалияти фаъолияти Кумита рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаҳои энергетикаи “сабз”, иқтисоди “сабз” ва истифодаи технологияҳои барқии тоза мебошад. Бо ҳадафи такмили ихтисосҳо дар самти панелҳои офтобӣ китобҳои дарсӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода гардидаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки Кумита омода аст бо миссияи Иттиҳоди Аврупо дар ин самт ҳамкориро вусъат бахшад.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз натиҷаи шиносоӣ бо Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, афзоиши теъдоди хонандагонро дар ин муассисаҳои таълимӣ нишондиҳандаи мусбат арзёбӣ намуданд.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро бо Кумита баланд арзёбӣ карданд. Тасмим гирифта шуд, ки ин равобит дар марҳилаи нав идома дода шавад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон