Намояндаи доимии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони рушди саноати СММ мулоқот намуд

Январь 24, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир бо директори генералии Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) Герд Мюллер баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи вохӯрӣ намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид Манучеҳр Ҷобир ба Герд Мюллер эътимоднома супорид.

Ҳамзамон ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳидро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон