НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисоси амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 бо назардошти тақозои бозори меҳнат, зарфияти моддӣ-техникӣ ва илмӣ, инчунин Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се ихтисоси нав — амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ, молия ва қарз ва иқтисодииёти рақамӣ таъсис дода шуд.
Даврон Сафарзода иброз намуд, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ раванди таълим аз рӯйи 21 ихтисоси амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 40 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи табодули академӣ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ сафарбар шуданд.
Аз ин шумора 12 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 18 нафар ба Федератсияи Русия ва 10 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин равона карда шудаанд.
Дар айни замон Академия бо 16 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, инчунин 5 эъломияи муштарак ба имзо расонидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






