НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 91 дастуру воситаи таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ нашр намуданд

Январь 26, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва иҷрои нақшаи инфиродии омӯзгор аз ҷониби устодони донишгоҳ маводи таълимӣ – методӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп мегарданд. Соли 2025 аз ҷониби устодон 91 дастуру воситаи таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ нашр гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иттилоъ дода шуд.

Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон — баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, омодагии мутахассисони оянда бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи техника ва технология, иқтисоди рақамӣ, энергетика ва сохтмону нақлиёт ва роҳҳо мебошад.

Донишгоҳ аз рӯйи 118 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯйи 56 ихтисос дар зинаи магистратура, аз рӯйи 27 самт дар зинаи докторантураи PhD ва аз рӯйи 19 самт дар зинаи докторантураи анъанавӣ фаъолият менамояд.

«Раёсати донишгоҳ масоили марбут ба табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва дигар мавзуъҳои мубрамро пайваста бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷи мамлакат тақвият медиҳад. Тибқи барномаи табодули академӣ, 89 донишҷӯ ба давлатҳои хориҷи дуру наздик ва 62 устоди донишгоҳ барои табодули академӣ ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун ба хориҷи ҷумҳурӣ равона гардиданд», -гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Соли 2025 1803 донишҷӯ донишгоҳро хатм намуда, 71 нафар соҳиби дипломи аъло гардид.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Январь 26, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст