НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъулин дастур доданд, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани низоми таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд. Ҳадафи гузаштан ба ин низом дар чист ва он дар кадом давлатҳо амалӣ мегардад?
Таҳсилоти 12-соларо зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Ба иттилои мутахассисон, яке аз самтҳои арзишманди ислоҳоти соҳаи маориф- ин ба сатҳи байналмилалӣ наздик сохтани низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) эътироф гардидааст, зеро мутобиқи Декларатсияи Шурои Аврупо (1992) таҳсилоти 12-соларо 150 кишвари ҷаҳон эътироф намудаанд.
Тибқи нишондодҳои ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 давлат аз 5-солагӣ, дар 129 давлат аз 6-солагӣ, дар 23 кишвар аз 7- солагӣ аллакай ҷорӣ буда, дар баъзе мамлакати дунё таҳсили 13-сола аз 6-солагӣ амал мекунад. Он, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои назди Балтика (Литва, Латвия, Эстония), Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Низоми таҳсилоти 12-сола дар Амрико
Ба иттилои мутахассисон, аз байни ҳамаи ин давлатҳо аввалин шуда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низоми таҳсили 12-соларо ба роҳ монд. Дар иёлати алоҳидаи он кӯдакон аз панҷ то ҳаштсолагӣ ба таҳсил оғоз мекунанд.
Дар Амрико низоми таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олӣ мавҷуд буда, таҳсилоти томактабӣ 2 сол давом карда, барои кӯдакони аз 4 то 6-сола пешбинӣ шудааст. Дар бисёр иёлатҳо пас аз хатми муассисаи томактабӣ шаҳодатнома дода мешавад, ки дар он рафтор ва қобилияти кӯдак мушаххас гардидааст. Ин шаҳодатнома ҳангоми дохил шудан ба мактаби ибтидоӣ талаб карда мешавад.
Дар мактабҳои Амрико дар раванди дарс омӯзгорон ба кӯдакон дар рушди қобилияти таҳлилӣ кумак мерасонанд, ба онҳо таълим медиҳанд, ки мустақилона қарор қабул кунанд, нуқтаи назари худро дошта бошанд ва донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёти воқеӣ татбиқ созанд. Дар руҳияи озодӣ тарбияю ба камол расонидан бартарии асосии муассисаҳои таълимии Амрико мебошад.
Низоми 12-сола дар Чин чӣ гуна аст?
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин низоми таҳсилоти 12-сола се зинаро дар бар мегирад. Пеш аз дохил шудан ба синфи якум онҳо аз санҷиш мегузаранд. Системаи таълимии 12-солаи Чин синфҳои ибтидоии ҳатмӣ (6 сол) ва мактаби миёнаи нопурра (3 сол) ва баъд мактаби миёна (3 сол, на ҳамеша ҳатмӣ)-ро дар бар мегирад, ки омодагӣ ба донишгоҳ мебошад. Пас аз синфи 9 хонандагон имтиҳон супорида, аз рӯи дониш таҳсили онҳо дар коллеҷ ё донишгоҳҳо идома меёбад.
Низоми 12-солаи таҳсил дар Финляндия
Низоми 12-солаи таҳсил дар Финляндия соли 1972 ҷорӣ гардида, дар соҳаи маориф дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст. Дар мактабҳои миёнаи Финландия омӯзгор бояд дорои дараҷаи магистр дар соҳаи маорифро дошта бошад.
Дар Канада ва Фаронса низоми таҳсил 12-сола аст
Дар Канада низ низоми таҳсил 12-сола буда, кӯдакон дар 5-6-солагӣ ба хондан шуруъ мекунанд. Ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб агар миқдори зарурии холҳои хонанда кофӣ набошад, таҳсил идома дода мешавад.
Системаи маорифи Фаронса аз таҳсили 12-сола, аз ҷумла мактаби ибтидоӣ (5 сол, 6-11-сола), коллеҷи ҳатмӣ (4 сол, 11-15-сола) иборат аст, ки яке аз беҳтаринҳо дар Иттиҳоди Аврупо ҳисобида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд. Зеро афзалияти гузариш ба Низоми таҳсилоти 12-сола дар ташкили таълим дар равияҳо, таҳсили касбӣ (дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ ва такмили самарабахши таҳсилоти босифат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа низ нақши муҳим дорад.
Ба андешаи мутахассисон, яке аз афзалияти қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ ва гузариш ба таҳсилоти 12-сола — ин беҳтар ва тақрибан як баробар зиёд гардидани фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Дар ҳолати фарогирии кӯдакони 6-сола ба таҳсил фардияти онҳо ошкор шуда, малакаи хондан, хат, ҳисоб, унсурҳои тафаккури эҷодӣ, риояи асосҳои гигиенаи шахсӣ ва ҳифзи саломатӣ дар онҳо бештар ташаккул меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад






