Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд

Январь 19, 2026 11:36

РӮДАКӢ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки кишоварзони  ноҳия ва олимони соҳаи кишоварзӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ» машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин раванд ба соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Иҷрои пайгиронаи ин тадбирҳо ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, асоси мустаҳкамии амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамояд.

Дар машғулият олимону мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз рӯйи ҳашт мавзуи муҳими соҳа барои зиёда аз 100 нафар роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарону намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омӯзиш гузарониданд.

Дар машғулияти омӯзишӣ  масъалаҳои мутобиқсозии истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши таъсири омилҳои манфии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чунин машғулияти омӯзишӣ  барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, татбиқи таҷрибаи илмӣ дар истеҳсолот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ аҳаммияти муҳим дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 19, 2026 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад