ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2026 тибқи нақша дар 186 800 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Кишти пунбадона бо мусоид омадани ҳаво дар мамлакат аз моҳи март оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Пахта яке аз зироати асосӣ ва муҳими стратегӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Онро асосан барои истеҳсоли нах парвариш менамоянд. Инчунин аз он чигит, кӯрак, поя, барг ва зиёда аз 200 номгӯй маҳсулоти мавриди талаботи рӯзмарраи инсоният тайёр карда мешавад, ки ягон зироати кишоварзӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ ба он баробар шуда наметавонад. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст. Ҳангоми аз 1 гектар рӯёнидани ҳосили якхелаи гандум ва пахта дараҷаи даромаднокии пахта аз 8 то 12 маротиба нисбат ба гандум бештар мегардад.
Нахи пахта муҳимтарин нахи саноатӣ буда, 70 фисади талаботи саноати ресандагиро дар бар мегирад. Равғани он пас аз коркард ҳамчун равғани истеъмолӣ истифода гардида, дар байни зироати равғандеҳ дар ҷаҳон мавқеи дуюмро ишғол менамояд.
Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Ба таҳлили коршиносон, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд, ки ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд.
Пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро он вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо назардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро амалӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






