Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳимми сиёсӣ, барномавӣ ва сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд.
Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯи вазъияти воқеии мамлакат, таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамоиш ба масъалаи муҳофизат ва тарғиби ёдгориҳои таърихии Хутали Қадим ва Саразм низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдураҳим Холиқзода таъкид намуд, ки ин ёдгориҳо шаҳодати тамаддуни бостонии тоҷикон буда, ҳифзу муаррифии онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Зимнан, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ буданд.
Ба таъкиди Абдураҳим Холиқзода, худдорӣ намудан аз ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин амалҳо омили муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон дар фаъолияти рӯзмарра ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






