ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо шуъбаи корҳои дохилии шаҳр санҷиши шабона гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар.
Ин амал бо мақсади назорати рафтори ноболиғон, пешгирии оворагардӣ, қонуншиканӣ, таъмини амнияти кӯдакону наврасон ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Вақтҳои охир натиҷаи санҷиши мақомоти дахлдор нишон медиҳад, ки меъёру талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро на ҳама волидон риоя мекунанд. Масалан, тибқи қонун вақти шабона — аз 1 апрел то 30 сентябр — аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март — аз соати 20:00 то соати 06:00 муқаррар гардидааст. Вале, мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ноболиғон баъди гузаштани ин вақту соати маҳдудгардида низ дар нуқтаҳои саққобозӣ ва марказҳои бозиҳои компютерӣ машғули бозӣ мешаванд.
Чунин ҳолат дар натиҷаи бепарвоӣ зоҳир намудани баъзе падару модарон нисбат ба тақдири фарзандонашон ба вуҷуд меояд. Волидайн бештар банди ташвишҳои худ, масоили рӯзгор ва гирудори дигар гашта, ба кӯдакони худ, рафтору кирдори онҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва назорати кӯдаконро фаромӯш мекунанд. Гурӯҳи дигари волидайн тарбияи кӯдакро кори оянда – вазифаи махсуси мактабу омӯзгорон медонанд.
Зимни гузаронидани санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба ноболиғон, занон ва ҷавонон барои пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Намояндагони сохторҳо шаҳрвандонро даъват намуданд, ки бетарафӣ ихтиёр накарда, моҳият ва уҳдадории тамоми қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк ва аз рӯи онҳо амал намоянд.
Таъкид гардид, ки падару модарон бояд фарзандонашонро тарбияи хуб намуда, онҳоро ба илму ҳунаромӯзӣ роҳнамоӣ кунанд. Ҷавононро чунон бояд тарбия кард, то ба қадри озодию истиқлол ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистон бирасанд, барои пойдории сулҳу субот ва пешрафти сарзаминамон пайваста талош намоянд.
Ба андешаи коршиносон, таълиму тарбия кори дастҷамъӣ буда, дар ин раванд нақши оила, кӯдакистон ва мактабу ҷомеа басе муҳим аст. Муассисаҳои таълимиро низ зарур аст насле тарбия кунанд, ки содиқу худогоҳ бошад, зеро эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз мешавад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Педагогҳоро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, то ҳар мураббию омӯзгор рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.
Дар китоби панду ахлоқии Унсурулмаолии Кайковус -«Қобуснома» дар мавриди тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модарон ва омӯзгорон сухан гуфта шудааст. «Пас бояд, ки ҳарчӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ… ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…».
Барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон ҷомеа низ бояд бори масъулият бар дӯш дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардидааст. Қонун ҳамзамон ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона карда шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






