Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»

Январь 24, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  23 январ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад».

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҳар хонавода бояд барои ду сол захираи маводи ғизоӣ дошта бошад!».

Ин таъкиди Роҳбари давлат дар заминаи таҳдидҳои эҳтимолии ҷаҳонӣ ба амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, танқисии об дар сайёра, нооромии геосиёсӣ ва болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд, то ҳар оила тавонад худро мустақилона бо ғизои солим таъмин намояд.

Ба таҳлили коршиносон, захираи дусолаи маводи зарурии озуқаворӣ метавонад дар ҳолатҳои фавқулода барои ҳар инсон наҷотбахш бошад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва минбаъд низ барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захираи зарурии онҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ ва бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда мешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки нигоҳдории маводи хӯрокворӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз масъалаҳои муҳими дигарест, ки бояд ба он диққати махсус зоҳир гардад.

Ба тавсияи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар аввал маҳсулоти ғизоӣ бояд аз фурӯшгоҳҳо, корхонаҳои боэътимод ва маҳсулоти тамғадор (бренддор) харида шуда, ҳангоми захира кардан ба муҳлати нигоҳдории он низ аҳамияти ҷиддӣ додан ҳатмист. Тавсия дода мешавад, ки муҳлати истифодаи маҳсулот санҷида шуда, дар навбати аввал бояд маҳсулоти куҳнашаванда истифода бурда шавад.

Муҳим аст, ки маҳсулот дар шароити мусоид, аз ҷумла ҷои хушк, тоза, салқин ва бе намӣ ва аз таъсири нури Офтоб ва ҳарорати баланд эмин нигоҳдорӣ шавад. Инчунин маводи ғизоӣ бояд дар зарфҳо ё халтаҳои ҳавоногузар ва муҳрдор нигоҳ дошта шуда, ҳангоми захира намудани лубиёгиҳо ва орд чораҳои пешгирикунандаи ҳашарот низ андешида шаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, баргҳои хушки санавбар ё барги ғор барои дур кардани ҳашарот аз чунин маҳсулот хеле муфид аст. Маҳсулоти захирашуда бояд мунтазам ва ҷиддӣ назорат карда шуда, давоми 1-2 моҳ тафтиш карда шавад. Дар ҳолати пайдо шудани бӯй, тағйироти ранг ё ҳашарот маҳсулоти осебдидаро фавран ҷудо ва нобуд сохтан зарур аст, то ба маҳсулоти дигар зиён нарасонад. Агар шароити яхдон ё сардхона набошад, аз захираи маҳсулоти зудвайроншаванда (гӯшт, тухм, шир) худдорӣ намудан зарур аст.

Ба таъкиди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маҳсулоти хӯрокворие, ки метавон зиёда аз 2 сол захира кард, инҳо мебошанд:

Ғалладона ва маҳсулоти ордӣ: Орди навъи олиро то 1,5 сол метавон дар ҷои хушк ва дар зарфҳои пӯшида нигоҳ дошт. Шолӣ (биринҷ)-ро то 2–3 сол дар зарфи басташуда ва дар ҷойи бе намӣ, ҷаву гандумро низ барои 2 сол, маҳсулоти макарониро низ 2 сол дар халта ё зарфҳои герметикӣ метавон захира кард.

Лубиёгиҳо ва донагиҳо: Лубиё, нахуд ва мошро барои 2 сол дар ҷои торик ва хушк дар зарфи маҳкамшуда ва бо бастабандии мустаҳкам метавон нигаҳдорӣ намуд.

Намак, шакар ва дигар маҳсулоти асосӣ: Намакро метавон бе маҳдудият ва дар ҷойи бе намӣ захира карда, шакарро низ барои 2–3 сол дар ҷои хушк ва дур аз об нигоҳ дошт. Орди ҷуворимаккаро ҳам 1,5 сол дар халтаҳои герметикӣ захира намудан имкон ҳаст.

Равғанҳо: Равғани растаниро 1,5 то 2 сол дар шиша ё зарфи торик ва сарпӯшдор, равғани зардро 1 сол бо нигоҳдорӣ дар яхдон (агар шарт бошад) захира кардан мумкин аст.

Маҳсулоти табиӣ: Асалро зиёда аз 2 сол дар зарфи шишагӣ ё алюминӣ, меваҳои хушк (зардолу, ангур, олуча ва ғайра)-ро то 2 сол дар халтаи вакуум ё шишагӣ, сабзавоти хушк (пиёз, сир)-ро 1–2 сол бе намӣ ва дар халтаи маҳкам нигаҳ доштан мумкин аст.

Консерваҳо: Консерваи гӯштро 2–3 сол бо муҳри муҳлатнок, консерваи моҳиро то 3 сол дар ҷои хунук ва торик ва консерваи сабзавотиро 1,5 то 2 сол барои захира нигоҳ доштан мумкин мебошад.

Маҳсулоти иловагӣ: Чойи хушк то 2 сол дар зарфи шишагӣ ё бастаи коғазӣ, қаҳва то 2 сол бо муҳр ва какао то 1,5 сол дар зарфҳои басташуда низ метавонанд нигаҳдорӣ карда шаванд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ