РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд

Январь 25, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 25.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Соли 2025 дар мамлакат аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Дар ин хусус 23 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар гардидааст. Дар Тоҷикистон масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалияти асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бо мақсади ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатар ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Дар ин замина дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, омода намудани кадрҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ самтҳои муҳими фаъолияти кормандони соҳа маҳсуб мешаванд.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбекзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар соли 2025 113,4 фоиз таъмин карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои ин барнома 72 ҳазору 695 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта бо ҷойи кори муносиб таъмин гардиданд.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки соли 2025 аз ҷониби кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 21 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 8 лоиҳаи санади ҳамкорӣ таҳия гардид.

Инчунин соли 2025 раванди батадриҷ боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ самарабахш идома дода шуд. Дар натиҷа андозаи музди меҳнати миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2025 ба 2 725,7 сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 19,9 фоиз ё 452,9 сомониро ташкил медиҳад.

«Бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 929 маротиба намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 19 ҳазору 478 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд. Дар умум 147 ҳазору 988 нафар шаҳрвандон аз хизматрасонии давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархурдор шуданд», – баён дошт Моёншо Маҳмадбекзода.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва ба ин васила таъмини шуғли пурмаҳсул аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар соли 2025 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 279 ҳазору 926 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Инҳо 73 ҳазору 577 ҷойи кори доимӣ, 49 ҳазору 55 ҷойи кори муваққатӣ ва 152 ҳазору 196 ҷойи кори мавсимӣ мебошанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, яке аз самтҳои дигари аз байн бурдани бекории шаҳрвандон ин ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифтани бекорон мебошад.

Номбурда гуфт, ки соли 2025 6632 нафар бекорони дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарордошта бо корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Тавассути ин иқдом корҳои ҷамъиятӣ асосан дар соҳаҳои сабзазоркунию ободонӣ, обёрӣ ва ирригатсионӣ, сохтмони роҳ, кашидани хати барқ, ҷамъоварии растаниҳои шифобахш ва пахта, хоҷагии ҷангалҳо ва дигар намуди корҳо анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи шуғл, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар панҷ соли оянда дар мамлакат бояд беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масоили мубрами рӯзи марбут ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва экологӣ пайваста дар меҳвари фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд