Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

Январь 13, 2026 09:22

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзалӣ Идизода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо  (соли 1992) равобити дуҷониба ба марҳилаи нав баромад. Рушди муносибатҳои байни ду давлат бар пояи зиёда аз дусаду панҷоҳ санади байналмилалии дуҷониба асос ёфта, самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳоро исбот менамояд.

Файзалӣ Идизода  иброз намуд, ки муваффақияти бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи мо бо шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  муҳтарам Си Ҷинпин амалӣ гардидаанд.

Ҷонибҳо фаъолияти самарабахш ва натиҷабахши ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентиро, ки соли 2005 оғоз ёфтааст, мусбат арзёбӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои савдо, гуманитарӣ, фарҳангӣ, маориф, мудофиа, амният ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Бояд иброз намуд, ки пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парламентҳои ҳарду мамлакат, густариши робитаҳо ва тасдиқи санадҳои байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина Маҷлиси намояндагон дар таъмини рушди ҳамкории дуҷониба саҳм мегузорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Январь 13, 2026 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид