Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо (соли 1992) равобити дуҷониба ба марҳилаи нав баромад. Рушди муносибатҳои байни ду давлат бар пояи зиёда аз дусаду панҷоҳ санади байналмилалии дуҷониба асос ёфта, самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳоро исбот менамояд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки муваффақияти бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи мо бо шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин амалӣ гардидаанд.
Ҷонибҳо фаъолияти самарабахш ва натиҷабахши ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентиро, ки соли 2005 оғоз ёфтааст, мусбат арзёбӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои савдо, гуманитарӣ, фарҳангӣ, маориф, мудофиа, амният ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бояд иброз намуд, ки пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парламентҳои ҳарду мамлакат, густариши робитаҳо ва тасдиқи санадҳои байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина Маҷлиси намояндагон дар таъмини рушди ҳамкории дуҷониба саҳм мегузорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






