Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд

Январь 6, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид Муҳаммад Ас-Сайҳон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки Арабистони Саудӣ яке аз нахустин давлатҳоест, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро расман эътироф карда, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратию фарҳангиро барқарор намуд. Муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои мо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қадами устувор дар самти рушди тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимамалкунандаи касбӣ буда, ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва муносибатҳои соҳибкорони ду давлат мусоидат менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 6, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд