Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои кормандони соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон муҳиму таърихӣ буда, нақлиётчиёну роҳсозони мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Соли 2025 ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Роҳҳои «Обигарм – Нуробод» ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи «Қалъаихумб – Ванҷ», 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зиддитармавӣ ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Моҳи ноябр аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд се қитъаи роҳи автомобилгарди «Деҳмой – Конибодом», яъне «Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров», «Бобоҷон Ғафуров -Хистеварз» ва «Кучкак — Конибодом» ба истифода дода шуданд. Ҳоло бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025 Нақшаи тадбирҳои амалӣ ё «Харитаи роҳ» оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2025-2030 ба имзо расид. Тибқи ин санад, барои зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, ҳамлу нақли тарафайн, аз ҷумла интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон бе рухсатнома амалӣ мегардад, ҷониби Русия дар навсозии парки роҳи оҳани Тоҷикистон мусоидат мекунад, интиқоли таҷрибавии боркашонии мултимодалӣ дар самти Русия, баҳри Хазар, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моҳи сентябри соли 2025 дар Минск «Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ» ба имзо расонида шуд. Ин санад ба баланд бардоштани самаранокии логистика, кам кардани хароҷот ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни давлатҳои Иттиҳод равона шудааст.
Дар соли 2026 барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2026 сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои «Ваҳдат – Обигарм» 70 километр, «Гулистон – Кӯлоб» 33 километр, «Хоруғ – Роштқалъа» 39 километр, «Мурғоб – Кулма» 67 километр, «Балҷувон – Сари Хосор» 55 километр, «Хистеварз – Конибодом (Арка)» 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи «Лаби Ҷар – Сангвор» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар иртибот ба ин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Вазорати нақлиётро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои идомаи бунёд ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва назорати сифати иҷрои корҳои лоиҳавӣ вусъат бахшад ва ҷиҳати ташкили марказҳои нақлиётию логистикӣ, навсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он чораҷӯйӣ намояд.
Дар соли 2026 ҷамъоварии дороиҳои роҳҳои автомобилгард дар саросари ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расида, дар асоси маълумоти бадастомада шиносномадиҳии роҳҳо оғоз мегардад. Ин маърака, ки моҳи сентябри соли 2023 шуруъ шуд, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 27 ҳазору 243 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 14 ҳазору 314 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 ҳазору 384 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 ҳазору 182 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8 ҳазору 748 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Дар соли 2026 татбиқи самараноки «Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», инчунин раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, танзим ва назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо таъмин карда мешавад. Инчунин лоиҳаи Барномаи нави мақсадноки рушди маҷмааи нақлиётии Тоҷикистон барои давраи минбаъда таҳия ва пешниҳод мегардад. Фонди роҳ, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таъсис ёфтааст, ташаккул дода мешавад. Роҳсозони мамлакат соли 2026 барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сатҳу сифати роҳҳои мошингарди истифодаи умуми мамлакат, таъсиси марказҳои логистикӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва ғайра беш аз пеш талош менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон






