Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ва дигар маконҳои ҷолиб мароқ зоҳир менамоянд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ бо мақсади шинос шудан бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрор ба ҷумҳурии мо меоянд. Онҳо аз мероси бою рангини мамлакати мо баҳравар гашта, бо гузаштаю имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шуда, як қисми он аз ҷониби олимони дохилию хориҷӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат то имрӯз 19 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, ин раванд идома дорад.
Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, аз қарнҳои 4-3 пеш аз мелод то ба асри мо расидаанд. Ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Аз ин хотир хуб мешуд, ки тамошои ин ёдгориҳо дар байни наврасону ҷавонон низ зиёд ба роҳ монда шавад. Зеро тамошои онҳо ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва шинос шудан бо ҷоннисорию қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мусоидат намуда, барои сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ва ҷавон басе манфиатовар аст. «Дӯст доштани Ватан аз донистани таърихи он шуруъ мешавад. Барои ин хуб мешуд, ки волидон якҷоя бо фарзандон ба тамошои чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ оянд ва сайру гашт ба маконҳои таърихиро ба ҳукми анъана дароранд. Ба ин васила онҳо метавонанд дар тарбияи ватандӯстии фарзандон нақши назаррас гузоранд.
Ҷалби ҷавонон ба хотири тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, ки авҷи бархӯрди тамаддунҳо арзёбӣ мегардад, ба бофарҳанг намудани мардум, хосса насли ҷавони мамлакат мусоидат менамояд.
Ба андешаи равоншиносон, дидани осори ниёгон, шунидани ҳикояҳои фидокорӣ ва ҷонбозиҳои онҳо дар роҳи озодӣ ва ободии Ватан дар қалби наврасон эҳсоси муҳаббат, садоқат ва ифтихорро бедор менамояд. Ин эҳсосот ба онҳо қувват мебахшад, то арзишҳои миллиро қадр кунанд, ба анъанаҳо эҳтиром гузоранд ва барои пешрафти давлати худ саъю кӯшиш намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






