СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд

Январь 18, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинониро баргузор менамояд. Аз ҷумла, корҳои ободкорӣ ва сабзкорӣ дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук ва шаҳристони он оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Бояд иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид.

Корҳои дарахтшинонӣ, ободкорӣ ва сабзкории ҳудудҳои Қасри бостонии Ҳулбук ва шаҳристони он дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин баргузории Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим пойгоҳи зуҳури забони форсӣ-тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» муташаккилона идома доранд.

Бояд иброз намуд, ки дарахтшинонӣ, поккории обҳои мавриди истифода қарорёфта, тозагии манзил, рабазу шаҳрҳо ва дар ҳамоҳангӣ бо табиат зистан, ҳамчун  мероси накӯ аз ниёгон ба мо боқӣ мондааст.

Дарахтони ороишӣ ва сояафкани шинондашуда маҳз дар қитъи махсуси ниҳолхонаи Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» парвариш ёфта, ба ғайр аз худи муассиса, ҳамчунин ба дигар муассисаҳои эҳтиёҷманд бо тариқи ройгон туҳфа мегардад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди  ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат изҳор намуданд, «моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукуҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он баръало шаҳодат медиҳанд.

Дар асрҳои миёна низ Хатлон давлати бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (боғпарварӣ, навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, сабзавоткорӣ, ғалладона, чорводорӣ, пиллапарварӣ) ба шумор  мерафт.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми ниҳолшинонӣ, ободкорӣ ва сабзкории ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба муносибати 35-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбад.

Хотиррасон мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.

Сарвари давлат таъкид ва даъват намуданд, ки «ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид