ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои он дар Тоҷикистон дар садҳо гектар саксавул шинонида мешавад

Январь 14, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар зиёда аз 250 гектар  ва дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар 70 гектар ниҳоли саксавул шинонида шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2027 дар ноҳияи Ашт дар зиёда аз 350 гектар саксавул шинонида шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» хабар доданд.

Бояд иброз намуд, ки бо сабаби вайроншавӣ ҳар сол дар сайёраи Замин беш аз 12 миллион гектар заминҳои ҳосилхез нобуд мешаванд. То соли 2050, тибқи гузоришҳои коршиносон, хушксолӣ метавонад тақрибан аз чор се ҳиссаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирад.

Вайроншавии замин, яъне паст шудан ё нест шудани маҳсулнокии биологӣ ва иқтисодӣ, таркиби мураккаби заминҳои обӣ, лалмӣ, чарогоҳ, ҷангал ва қитъаҳои ҷудогонаи ҷангал дар минтақаҳои гарм, муътадил ва хунук, ки дар натиҷаи истифодаи замин, таъсири як ё якчанд раванд, аз ҷумла бо таъсири фаъолияти инсон ба вуҷуд меоянд, сабаби биёбоншавӣ мегардад. Эрозияи хок аз таъсири шамол ва об, таназзулёбии чарогоҳ, шӯршавӣ, сел, тарма ва дигар офатҳои табиӣ ҳам ба биёбоншавии замин мусоидат менамояд.

Мақсад аз бунёди саксавулзор чист?

Мақсад аз бунёди саксавулзор ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксавул регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба рег наздикро аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов иброз намуд, бунёди саксавулзор барои пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити сукунати олами ҳайвонот ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

«Ин растанӣ барои муътадил гардонидани рег ва пешгирӣ кардани пайдоиши тӯфонҳои регӣ ёрӣ мерасонад. Саксавул фоиданок буда, ба туфайли решаи тавонояш регзорро мустаҳкам мекунад, барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва чангу ғубор муфид аст. Он сифати хокро беҳтар намуда, бо нигоҳ доштани намӣ қобилияти хокро барои дастгирии растаниҳои дигар зиёд мекунад. Яъне, ин растании нодир хокро муҳофизат ва экосистемаҳои маҳаллиро дастгирӣ мекунад», — иброз намуд Нуралӣ Ҳусейнов.

Бояд гуфт, ки ин растанӣ хусусияти биологии худро дорад, зеро он ба иқлими биёбон мутобиқ мешавад. Он хоки регдорро аз шамол муҳофизат ва то андозае эрозияи шамолро пешгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки биёбон экосистемаи табиии худро нигоҳ дорад.

Саксавул чист?

Саксавул як намуди дарахтест, ки макони асосии он биёбон мебошад. Диаметри он ба 100 см баробар буда, баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Ин растанӣ ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тоб меорад.

Танаи растанӣ каҷ аст, аммо сатҳи ҳамвор дорад ва диаметраш ба 1 метр мерасад. Ин намуди дарахт тоҷи азими сабзи дурахшон дорад, ки аз дур намоён мегардад.

Ба ғайр аз вазифаи асосӣ саксавул ҳайвоноти хонагии маҳаллӣ (гов, гӯсфанд, шутур)-ро бо манбаи иловагии хӯрок таъмин мекунад.

Инчунин чӯбу дарахти онро метавон дар саноати чӯбу тахта васеъ истифода бурд. Саксавул ҳамчун сӯзишвории серкалория барои гармкунӣ ва пухтупаз истифода карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 14, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд