ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?

Январь 10, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Табибон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бархе шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан худсарона дору мехаранд ва онро бе тавсияи табиб истеъмол  мекунанд. Аксар вақт ин доруҳо метавонанд ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонанд. Соли 2025   дар Тоҷикистон 347 ҳолати таъсири номатлуби дору ва ваксина ба қайд гирифта шуд. Инчунин аз тарафи мутахассисон ошкор карда шуд, ки соли 2025 барои зиёда аз 410 ҳолати таъсири номатлуби доруҳо ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат шудааст. Вале масъулини ин муассисаҳои тандурустӣ ба унвони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш пешниҳод накардаанд. АМИТ “Ховар” ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Дар Тоҷикистон чанд дорухона фаъолият мекунад?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3492 муассисаи фармасевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият менамоянд. Дорухонаҳо ҷузъи муҳими низоми тандурустӣ буда, дар онҳо на танҳо дору мефурӯшанд, балки дар истифодаи доруҳо ва пешгирии бемориҳо низ саҳм мегузоранд. Мутахассисони дорухонаҳо ба мизоҷон дар бораи тарзи дурусти истеъмоли дору маълумот медиҳанд.

Вуруди доруҳои пастсифатро чӣ тавр пешгирӣ метавон кард?

Соли 2025 дар натиҷаи санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 273 номгӯй  дору ва молҳои тиббӣ ба миқдори 3073 адад аз муомилот гирифта шуданд. 156 номгӯйи онро доруҳо ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 1609 адад, 51 номгӯйро доруҳо ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқат ба миқдори 393 адад, 66 номгӯйро доруҳо ва молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда ба миқдори 1071 адад ташкил доданд. Инчунин аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 22 номгӯй доруҳо ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 31 адад аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 203 308,2 килограмм маводи доругӣ, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтии (маҳсулоти ғайритиббии дар дорухонаҳо фурӯхташуда, ки барои пешгирии бемориҳо, табобати ёрирасон ва нигоҳдории саломатӣ истифода мешаванд) муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Дар кадом ҳолат дору ба инсон зарар мерасонад?

Мудири озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Имомзода иброз намуд, ки «дору  ғизо нест, он маводи махсусе аст, ки баъд аз муоина ва таъйиноти табиб тавсия ва зери назорати табиб истифода бурда мешавад. Бештари инсонҳо имрӯз дар хона ба худтабобат машғул мешаванд ё бо тавсияи нафари дигар дору истеъмол мекунанд. Бо ин одамон фикр мекунанд, ки маблағ ва вақташонро сарфа мекунанд. Ин нодуруст аст, зеро табобат бояд зери назорат ва муоинаи табиб ба роҳ монда шавад. Дору низ зери назорат ва тавсияи табиб таъйин ва истифода карда шавад».

Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Халифазода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки таъсири дору ба саломатии инсон хеле гуногун буда, метавонад мусбат ё манфӣ бошад.

«Агар табиб ба шумо дорухат менависад, дар вақти харидан хондани дастурамали он ҳатмӣ аст. Яке аз шартҳои зарурию муҳим ин аст, ки санаи барориш ва муҳлати охирини истеъмоли онро бояд дид. Бинобар ин, доруро танҳо бо нишондоди духтур истифода кардан мумкин аст»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Чаро инсонҳо худсарона дору истеъмол мекунанд?

Аслиддин Имомзода афзуд, ки «табиб баъд аз муоина ва ташхис доруҳои барои ҳамон бемор мувофиқ ва заруриро тавсия медиҳад. Зеро организми ҳар инсон аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунад ва инро танҳо табиб мушаххас карда метавонад. Агар маърифати тиббии инсон баланд бошад, ҷисми инсон аз дору зарар намебинад».

Ба таъкиди шаҳрвандон, солҳои охир ҳангоми истеъмоли антибиотикҳо дар бадани онҳо нишонаҳои аллергия дида мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, антибиотикҳо метавонанд боиси пайдо шудани доғҳои пӯст, захмҳо, анафилаксия ва ҳатто марг шаванд. Таъкид мегардад, ки дар бадани инсон миқдори муайяни сироятҳои бактериявӣ, вирусӣ ва замбурӯғӣ мавҷуданд ва ҳар кадом вазифаи муайянеро иҷро мекунад. Бактерияҳо дар рӯдаҳои инсон ба ҳазм шудани хӯрок мусоидат карда, витаминҳои заруриро дар бадан синтез мекунанд. Агар антибиотик ба бадан ворид гардад, ба узвҳои илтиҳобӣ таъсири сахт мерасонад ва дар баробари он бактерияҳои муҳимеро, ки дар узвҳои ҳозима фаъол мебошанд, нобуд месозад.

Дар ҳолати ошкор кардани доруи пастсифат ба куҷо бояд муроҷиат намуд?

Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Халифазода иброз дошт, ки дар дорухонаҳои мамлакат рақами боварии хадамот насб гардидааст. Шаҳрвандон дар ҳолати ба мушкилӣ дучор гардидан метавонанд бо масъулин дар тамос шаванд. Инчунин QR-кодҳо низ насб гардидаанд.

Тибқи мушоҳидаҳои мо, ки аз чанд дорухонаи ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт дидан намудем, на дар ҳама дорухонаҳо телефони боварӣ ва QR-кодҳо насб гардидаанд. Телефони боварии Хадамот (44) 600 08 98, (37) 235 77 15 мебошад, ки танҳо дар баъзе дорухонаҳо насб шудаасту халос.

Зарари доруи пастсифатро кӣ ҷуброн мекунад?

Дар робита ба зарари  истеъмоли доруи пастсифат Хусрав Халифазода гуфт, ки  дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, баъди таҳлилҳо хулосаи ниҳоӣ бароварда мешавад.

Тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз 19 июли соли 2022  шаҳрвандони мамлакат ба гирифтани кумаки доругии судбахш, бехатар ва босифат ҳуқуқ доранд. Инчунин дар моддаи мазкур дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқи муроҷиат намудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва дигар ташкилот барои гирифтани иттилоот дар бораи бехатарӣ, судбахшӣ ва сифати дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтиро доранд.

Дар  моддаи 47 ин қонун чунин омадааст: «Зарари ба солимии инсон дар натиҷаи истеъмоли дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ расонида,  агар исбот шуда бошад, аз ҷониби истеҳсолкунанда ҷуброн карда мешавад».

Чаро дар дорухонаҳо нархи доруҳо гуногун аст?

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки шаҳрвандон бештар аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, нархи доруҳо мебошад.

Тавре шаҳрванди пойтахт Дилрабо Ғиёсзода мегӯяд, «имрӯзҳо ёфтани дору мушкил нест, зеро шумораи дорухонаҳо хеле зиёд аст, аммо сифати дору ва нархи он моро нигарон мекунад. Имсол фарзандони ман ба бемории зуком гирифтор шуданд ва барои расонидани ёрии аввал ба онҳо парасетамол додам. Аз чӣ сабаб бошад, ки ин дору ба бемор таъсир намекард. Масъалаи дигар нархи доруҳо дар дорухонаҳо мебошад, ки аз ҳам хеле фарқ мекунанд».

Пас аз шикояти сокинон мо тасмим гирифтем, ки нархи танҳо як намуд доруро аз чор дорухона пурсем. Маҳлули кӯдаконаи «Нурофен» дар ҳар дорухона бо ҳар нарх- аз 30 то 40 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Саволе пайдо мешавад, ки барои муайян кардани нархи дору дар дорухонаҳо  ва ташхиси сифати онҳо кӣ бояд бори масъулиятро кашад?

Саволи дигар ин аст, ки ҳар қадар нархи дору гаронтар бошад, таъсири он бештар мешавад?

Чуноне дар  урфият мегӯянд, «саломатӣ гавҳари ноёб аст», «руҳи солим дар тани солим аст» ва «тани солим маҳсули ақли солим аст». Пас, биёед барои нигоҳ доштани саломатиамон талоши бештар намоем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Январь 10, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд