ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад

Январь 23, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 январ дар шоҳроҳҳои ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо зуҳуроти яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт дар назар аст. Имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиилоъ доданд.

Муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки фаромадани тарма равандест, ки аз ҷамъ шудани миқдори зиёди барф оғоз меёбад. Тармафароӣ бештар дар фасли зимистон-дар моҳҳои декабр – феврал ва аввали баҳор- моҳҳои март–апрел рух медиҳад. Зеро дар ин моҳҳо бориши барф зиёд ва шароити тағйирёбии ногаҳонии ҳаво ё яхбандии шадид бештар мешавад. Ин омилҳо ба вайрон гардидани мувозинати қабати барф ва фаромадани тармаҳо мусоидат мекунанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин ҳодиса ба таври ногаҳонӣ рух медиҳад- анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва дар сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку дарахт, ҳайвоноту инсон мавҷуд бошад, бо худ мебарад.

«Омили асосии фаромадани тарма ҳарорати ҳаво, бориши зиёди барф, шамол бо барф ва омилҳои инсонӣ мебошанд. Фаромадани тарма ҳодисаи ғайричашмдошт ва барои одамон фалокатовар мебошад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба маълумоти мутахассисон, тарма яке аз офатҳои табиии маъмул дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҳаёт ва моликияти мардум зарари ҷиддӣ расонад. Моро зарур аст, ки пеш аз сафар дар роҳҳои кӯҳии мамлакат аз маълумот вобаста ба вазъи ҳаво ва пешгӯии сар задани ҳолатҳои тармафароӣ, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ мунтазам пешниҳод мешаванд, огоҳ шавем.

Ҳангоми бориши барфи зиёд (яъне агар зиёда аз 7 сантиметр барфи тар бошад) сар задани тармафароӣ эҳтимол дорад. Агар баландии барф дар кӯҳҳо ва нишебиҳо то 20 сантиметр шавад, хавфи фаромадани тарма ба вуҷуд меояд.

Камолиддин Назирзода гуфт, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ дар шоҳроҳҳои минтақаҳои тармафаро зиёд намудани иншооти зиддитармавӣ, аз ҷумла: нақбҳо, долонҳои зиддитармавӣ ва дар нишебиҳои тармафаро шинонидани дарахтҳое, ки метавонанд фаромадани тармаро боз доранд, ба манфиати кор аст. Инчунин ташкили стансияҳои назоратӣ ва дар ҳолати омодабош қарор додани гурӯҳҳои тахлиякунонӣ дар минтақаҳои аҳолинишине, ки зери хавфи фаромадани тарма қарор доранд, метавонанд ин ҳодисаи нохушро пешгирӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба амал меояд. Мавзеъҳои асосии тармафароӣ минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Ин минтақа дорои кӯҳҳои баланд ва нишебиҳои барфпӯш буда, дар он шоҳроҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ мавҷуд ҳастанд.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари тармафароӣ мебошанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд