ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?

Январь 20, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат  22 январ дар мамлакат ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздиконашон аз сардиҳо ва ҳолатҳои фавқулода маслиҳатҳои муфид медиҳад.

— Барфу борон, яхбандӣ ва туман дар ҳар ҳолат пайомадҳои ногувор дошта метавонанд. Аз ин рӯ сокинон дар ҳама ҳолат бояд омода бошанд.

Ҳангоми дар кӯча будан бе кулоҳ, рӯймол ва дастпӯшак нагардед. Пойҳои худро гарм нигоҳ доред. Дар як ҷо дуру дароз ва бе ҳаракат наистед. Вақте шумо ҳис мекунед, ки хунук мехӯред, ҳаракат кунед дастҳоятонро ба ҳам молед ва пойҳоятонро ба ҳаракат дароред. Агар ҳамаи ин ба шумо барои гарм шудан ёрӣ нарасонад, кӯшиш кунед, ки зудтар ба манзилатон баргардед. Пас аз гарм шудани баданатон метавонед дубора коратонро идома диҳед. Ҳамчунин хӯрокҳои серғизо истеъмол намоед. Хусусан пеш аз он ки дар сардӣ берун меравед, бояд аввал ғизои хуб бихӯред, зеро бадани инсон барои муқовимат ба сардӣ ба энергия ниёз дорад. Агар шумо ин амалҳоро иҷро накунед, бемор шуданатон эҳтимол дорад.

Таъмини бехатарии сӯхтор

Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, бояд ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паноҳгоҳ аз сардӣ хизмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус сӯхтор нашаванд. Дар ҳолати сар задани сӯхтор фавран ба хадамоти оташнишонӣ ва наҷот бо рақами 101 ё рақами ягонаи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ- 112 занг занед.

Танзими дурусти гармидиҳии хона

Новобаста аз он ки соҳиби чӣ гуна хонаед ва хонаи шумо дорои кадом низоми гармидиҳӣ аст (неруи барқ, газ ё бухорӣ), бароятон зарур аст, ки захираи сӯзишворӣ дошта бошед. Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд. Утоқҳоро бо низоми гармидиҳии боэътимод таъмин кунед. Дар хона бояд чизҳои муҳимтарин — чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гӯгирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвои доруҳои гуногун ва бистарҳои гарм дошта бошед. Асбоби гармидиҳии худсохти барқӣ ва обиро истифода накунед! Ҳангоми вазиши сахти бод бе зарурат аз хона берун набароед. Дару тирезаҳоро накушоед, то ҳарорати ҳавои дохили хона тағйир наёбад, чун ба ҳолати аввала баргардонидани он вақти зиёд талаб мекунад.

Ҳангоми аз роҳҳои яхӣ гузаштан саросема нашавед ва бодиққат бошед. Пойафзоле пӯшед, ки лағжонак набошад. Дар рӯзҳои яхбандӣ бештар бачаҳоро эҳтиёт кунед, то дар роҳҳои лағжонаку хатарнок бозӣ накунанд. Ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо ба калонсолон кумак намудан зарур аст. Ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро истифода баранд.

Дар ёд дошта бошед, ки риояи қоидаҳои одитарини бехатарӣ шуморо аз ҳар гуна нохушиҳо эмин нигоҳ медорад.

Бехатарӣ дар рӯзҳои сармо дар минтақаҳои кӯҳӣ

Сокиноне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, бояд дар рӯзҳои сармо, бориши зиёд ва тағйирёбии ногаҳонии обу ҳаво беш аз пеш ҳушёру бодиққат бошанд. Дар чунин минтақаҳо хатари фаромадани тарма, лағжиши кӯҳпораҳо, яхбандии роҳҳо, баланд шудани сатҳи сардӣ ва қатъ гардидани муваққатии роҳҳои иртиботӣ бештар ба назар мерасад.

Хусусан ба бехатарии кӯдакон бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Волидон масъуланд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва намонанд, ки онҳо бе зарурат ва ё бе ҳамроҳии калонсолон аз хона берун бароянд. Бозӣ дар наздикии роҳҳои яхбаста, соҳили дарёҳо, нишебиҳои кӯҳӣ ва ҷойҳои хавфнок метавонад боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардад.

Тавсияҳо барои ронандагон дар шароити барф ва яхбандӣ

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар оид ба  вазъи роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарию амниятиро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.

Мошинро пеш аз сафар аз санҷиш гузаронанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд, системаи гармкунии мошинро бодиққат санҷанд. Инчунин пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии зарурӣ бигиранд, бахусус барои эҳтиёт лампаҳои равшанидиҳанда бояд дошта бошанд; дар бордони мошин бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосиларо риоя намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар фасли сармо ва бахусус ҳангоми барфу борону сардиҳо роҳҳо маъмулан душворгузар мешаванд ва дар ин гуна ҳолатҳо фосилаи байни мошинҳо аз фосилаҳои маъмулӣ бояд дарозтар бошад.

Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон, махсусан ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо нияти ҳаракат доранд, тавсия дода мешавад, ки сафарҳои худро имкон бошад ба рӯзҳои мусоидтар мавқуф гузоранд, пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаворо мушаххас намоянд, инчунин қоидаҳои бехатарии ҳаракатро ҳамаҷиҳата риоя кунанд.

Таҳияи Моҳинави Наврӯз
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ