«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026 дар нимаи якуми моҳи апрел, даври дуюм — моҳи июн ва даври сеюм дар нимаи дуюми моҳи сентябр гузаронида мешавад. Имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки корҳои ташкилӣ барои баргузории даврҳои якум ва дуюми озмун ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад.
«Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад»,-гуфт Мирзоолим Саидов.
Ба иттилои номбурда, имсол ба Низомномаи озмун ду тағйирот ворид гардидааст. Аввалан, ба номинатсияи навозандагӣ жанри академӣ (созҳои аврупоиасос) ворид гардид. Дуюм, дар номинатсияи дизайн синни аз 12 то 17-сола гирифта шуд. Дар ин номинатсия танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок мекунанд. Имсол низ маблағи баргузории озмун зиёд гардидааст. Барои озмун соли 2022 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ, соли 2023 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ва соли 2025 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардида буд.
Ба таҳлили коршиносони соҳаи фарҳанг, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол зиёд мегарданд. Аз соли 2019 то 2024 дар озмун 21 561 довталаб аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуд. Аз ин шумора 485 нафар давоми 6 сол бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд: соли 2019 – 28 нафар, соли 2020 – 66 нафар, соли 2021 – 78 нафар, соли 2022 – 77 нафар, соли 2023 – 118 нафар, соли 2024 – 118 ва соли 2025 – 136 нафар бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тибқи Низомномаи озмун, панҷ ғолиби асосӣ — соҳиби Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳо- ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо 70 000 сомонӣ, 50 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» давоми ин солҳо дар саросари ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуд. Он ба дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва рушди санъати миллӣ мусоидат намуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем






