МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамшарикӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои калидии манфиатдори байналмилалӣ аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028»-ро баргузор менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023 тамоми тадбирҳоро барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳад. Дар асоси дастовардҳои конфронсҳои қаблии «Раванди оби Душанбе» (2018, 2022, 2024) конфронси соли 2026 марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об хоҳад буд.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар Душанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мардуми бумӣ ва бахши хусусиро барои пешбурди уҳдадориҳо ва таъкиди василаҳои ҳалли дигаргунсозандаи соҳаи об ҷамъ меорад. Муҳокимаҳо ба нигаҳдорӣ ва рушди минбаъдаи динамикаи эҷодшуда аз ҷониби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, дастгирии рӯзномаи об ва оғози мубоҳисаҳо доир ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, нигаронида мешаванд.
Намояндагон дар нишастҳои пленарии сатҳи баланд нуҳ ҷаласаи ихтисосиро, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг шудаанд, инчунин дар чорабиниҳои пешазконфронсӣ (форумҳо), чорабиниҳои канорӣ ва намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард. Барномаи конфронс ҳамзамон чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP/ЭСКАТО ООН) ташкил карда мешавад, дар бар мегирад. Чорабинии мазкур барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамоҳангсозии мавқеъҳои минтақавӣ ва таҳкими саҳми дастҷамъонаи онҳо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 имконияти муҳим фароҳам меорад.
Ҳамчунин Конфронси оби Душанбе имконияти беназири иштирок дар экскурсияҳои махсусро низ фароҳам хоҳад овард. Ин сайру гаштҳо ба иштирокчиён фурсат медиҳанд, то бо мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла тамаддунҳои бостонӣ ва мероси Роҳи Абрешим шинос шуда, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои об, инчунин инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии мамлакат маълумот пайдо намоянд.
Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» абзори муҳими ҷаҳонӣ барои таҳкими шарикӣ, ҳавасмандгардонии навоварӣ, маблағгузорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба таъмини рушди устувор, фарогир ва тобоварии иқлим дар саросари ҷаҳон хоҳад буд.
Маълумоти бештар дар бораи бақайдгирӣ, тафсилоти барнома ва масъалаҳои логистикӣ дар пайвандаки зерин дастрас хоҳанд шуд: https://conf2026.dushanbewaterprocess.org/
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






