ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии глобалии иқлим ба равандҳои дар муҳити атроф мавҷуда дахолат намуда, механизми фаъолияти тамоми системаи онро дигар мекунад. Гармшавии глобалии иқлим сабаби тез обшавии қабати яхии ҳам уқёнусҳо ва ҳам хушкии Замин мегардад. Ин раванд метавонад сабаби тағйирёбии зиёди гардиши об дар табиат гардад.
— Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард одам аз норасоии оби ошомиданӣ азоб кашида, зиёда аз 2 миллиард нафар аз оби ифлос истифода мебаранд. Ба ғайр аз ин нобаробар тақсим шудани об дар сайёра низ ба зиндагии ҳамарӯзаи аҳолӣ таъсири калон мерасонад. Аз норасоии об асосан мамлакатҳои Шарқи Наздик, Африкаи Шимолӣ ва Аврупои Ҷанубӣ зиёдтар азият мекашанд.
Захираҳои обӣ дар ҳама давру замонҳо дар рушди ҳар мамлакат нақши муҳимро иҷро менамоянд. Дар марҳалаи ҳозира талабот ба захираҳои обӣ боз ҳам ҷиддитар гардидааст. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва қонеъ гардонидани он бо маводи озуқаворӣ ва шароити маишӣ сабаби асосии суръати баланди рушди саноат, ифлосшавии об ва истифодаи исрофкоронаи об мешавад, ки ин ба захираҳои обӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Дар давраи ҳозира симои Замин тағйир ёфта истодааст. Пиряхҳо, ки тахминан 11 фоизи масоҳати Заминро ташкил медиҳанд, бо тағйир ёфтани иқлим бо суръати муайян об шуда истодаанд.
Гармшавии глобалӣ раванди ба таври доимӣ зиёдшавии ҳарорати қабати атмосфераи Замин ва Уқёнуси ҷаҳонӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи Замин ба миқдори 1,20С зиёд шудааст. Ин раванд аз охири асри ХХ оғоз гардида, давоми 50 соли охир бо таъсири омилҳои антропогенӣ бо идома дорад. Инҳо, пеш аз ҳама, партовҳои карбон мебошанд, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвориҳои органикӣ “эффекти гулхонаӣ” ба вуҷуд меоранд. Гармшавии глобалӣ ба инсоният бо якчанд хатари мушаххас таҳдид менамояд: баландшавии сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ, падидаҳои ғайримуқаррарии табиӣ, обшавии заминҳои яхбандии абадӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, барҳам хӯрдани гуногунии биологӣ, мушкилоти таъмини озуқаворӣ, оқибатҳои ношоями иқтисодӣ ва ғайраҳо.
Ҳамаи ин боис гардид, ки дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои таъмини об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон қариб дуюним баробар ва дар минтақаҳои алоҳидаи олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ зиёда аз чор баробар паст шаванд.
Тоҷикистон дар масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бо таъсири гармшавии глобалӣ давоми чанд даҳсолаи охир ба миқдори 1000 адад пиряхҳо нобуд гардидаанд. Агар ин раванд давом ёбад, Осиёи Марказиро фалокатҳои экологии нав таъдид менамоянд. Барои пешгирӣ намудани раванди мазкур давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ чун яке аз давлатҳои фаъоли сайёра шинохта шудааст. Мамлакати мо дар масъалаи ҳифз ва оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо давлати пешқадамтарин ба ҳисоб меравад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун шахсияти ташаббускор, созанда ва хастагинопазир эътироф гардидаанд. Пешниҳодҳои Пешвои миллат на ба фоидаи як давлат ва як минтақа, балки ба фоидаи тамоми инсоният ба роҳ монда шудаанд. Бо заҳмату талошҳо ва пешниҳодҳои асоснокшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид давоми 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул намуд.
Ҳамасола дар ҳудуди мамлакат аз 52 то 64 км3 об ташаккул меёбад, ки то 60 фоизи оби дарёҳои минтақаро дар бар мегирад. Суръати баланди обшавии пиряхҳо фалокати зиёде ба амал меорад. Таъсири тағйирёбии иқлим ва истифодаи исрофкоронаи об асосан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ боиси хушк гардидани чандин кӯлҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла баҳри Арал гардид. Ҳоло 90 фоизи баҳри мазкур хушк гардида, намакҳо, заҳрхимикатҳо ва минералҳои такшоншуда бо таъсири бод ба атроф паҳн мегарданд. Ин бодҳо то ба пиряхҳои Тоҷикистону Қирғизистон расида, суръати обшавии онҳоро тез менамоянд.
Тағйирёбии иқлим сабаби он гардидааст, ки давоми охири моҳи ноябр ва аввалҳои моҳи декабри соли равон ҳаракати босуръати пиряхи Деҳдал дар дарёи Сурхоби ноҳияи Тоҷикобод ба амал омад. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пирях равандҳои ҷиддии табиӣ ба амал омада, суръати ҳаракати пирях 20 метр дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисон, ҳаҷми миёнаи оби дарёҳои Тоҷикистон давоми 30 соли охир ҳамасола ба миқдори 110 миллион м3 кам шудааст. Инчунин пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2050 масоҳати пиряхҳо ба миқдори 20% ва ҳаҷми онҳо ба миқдори 25% коҳиш меёбад ва ин манбаи пиряхии обро ба миқдори аз 20 то 40% кам менамояд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон оби ҳама дарёҳои кӯҳӣ захираҳои гидроэнергетикӣ ҳисоб мешаванд, чунки онҳо дорои энергияи зиёди потенсиалӣ буда, барои истифодаи онҳо дар неругоҳҳои барқи обӣ имконият мавҷуд аст.
Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-ум, дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи 2-юм ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор ҷумҳурии мо фақат 6 фоизи онро истифода мебарад. Захираҳои мазкур се маротиба аз талаботи ҳама мамлакатҳо минтақа зиёдтаранд.
Тоҷикистон тавассути захираҳои гидроэнергетикӣ аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи “сабз” яке аз давлатҳои пешқадами ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 98 фоизи қувваи барқ дар мамлакат дар неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил карда мешавад.
Тағйироти иқлим ва обшавии пиряхҳо ба захираҳои гидроэнергетикӣ низ таъсири калон мерасонанд. Обшавии пиряхҳо дар марҳилаи аввал ҳаҷми оби рӯдхонаю дарёҳоро зиёд намуда, тавоноии неругоҳҳоро зиёд менамояд.
Дар марҳилаи дуюм дар натиҷаи кам шудани ҳаҷми пиряхҳо оби рӯдхонаҳо кам гардида, он сабаби пастшавии истеҳсоли неруи барқ мешавад. Пастшавии ҳаҷми об дар мавсими тобистон метавонад ба кори мунтазами неругоҳҳои барқи обӣ халал расонад ва хусусан дар давраҳои хушксолӣ мушкилоти энергетикӣ ба вуҷуд орад.
Солҳои охир дар натиҷаи камоб гардидани дарёҳо обанборҳои Норак ва Яшилкӯл то сатҳи лоиҳавӣ пур намешаванд, ки ин кори Неругоҳи барқи обии «Норак» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Ғундро дар фасли зимистон душвор намуда, сабаби ҷорӣ гардидани реҷаи таъминоти қувваи барқ мегардад.
Гидроэнергетика қариб 96 фоизи истеҳсоли барқи Тоҷикистонро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйирот дар манбаъҳои обӣ метавонад ба иқтисоди мамлакат таъсири ҷиддӣ расонад. Паст шудани сатҳи об метавонад иқтидори тавлидии неругоҳҳои барқи обиро кам намояд, ба таъмини барқ дар фасли зимистон халал расонад ва ба рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад.
Неругоҳҳои калони Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сатҳи устувори оби дарёҳо, ки аз пиряхҳо маншаъ мегиранд, вобастагии калон доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳои минтақавию байналхалқӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо бо ташаббусҳои аз нуқтаи назари илмӣ асоснокшуда баромад менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ якчанд тадбирҳоро барои назорат ва ҳифзи пиряхҳо амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (соли 2020) ҳифз ва мониторинги пиряхҳоро дар сатҳи давлатӣ таъмин менамояд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои доимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони якчанд неругоҳи хурду калони барқӣ мавриди истифода қарор дода шуд, неругоҳҳои «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» мавриди таҷдид қарор доранд, зеристгоҳҳои барқӣ навсозӣ гардида, хатҳои баландшиддати барқӣ сохта шуданд. Неруи энергетикии мамлакат беш аз 2 маротиба зиёд гардид.
Дар баробари ин дар мамлакат якчанд корхонаҳои калони саноатӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва аҳолии мамлакат низ беш аз 2 маротиба зиёд гардидааст. Барои ин талабот нисбат ба қувваи барқ рӯз аз рӯз зиёд мешавад.
Аз тарафи ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Помирэнерҷи” ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо аҳолӣ ва корхонаю ташкилот бо барқи хушсифат таъмин карда мешаванд. Кормандони техникӣ ва барқчиён ба душвориҳои табиӣ нигоҳ накарда, садамаҳои рухдодаро дар муҳлати кӯҳтотарин бартараф менамоянд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025) иброз намуданд, ки «аз моҳи сентябри соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Аз ин лиҳоз ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки неруи барқро сарфаю сариштакорона истифода барад.
Барои пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим давлатҳои минтақаро зарур аст, ки механизми танзими хароҷоти захираҳои обиро дар якҷоягӣ кор карда, барои пешгирӣ намудани фалокатҳои экологӣ фақат усулҳои муосири каммасрафи обёриро ҷорӣ намоянд.
Равшанбек САРАДБЕКОВ,
муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
АКС аз муаллиф








Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






