Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустии лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин: шарҳи амалисозии қисми 2-и лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон», тасдиқи Нақшаи кори Кумита барои шашмоҳаи якуми соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо оид ба мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи баррасии қисми 2-и лоиҳа иброз гардид, ки ислоҳоти соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба баланд бардоштани самаранокии шабака ва ҷорӣ намудани хариди стратегии хизматрасониҳо ва рақамикунонии соҳа равона шудааст.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббӣ тавассути таҳкими муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сармоягузорӣ ба захираҳои кадрӣ ва ҳавасмандгардонии талабот ба хизматрасонӣ ва навсозии инфрасохтор ва рақамикунонии шабакаи кумаки аввалияи тиббӣ аз масъалаҳои калидие буданд, ки барои баррасӣ дар ҷаласаи оянда пешниҳод ва қабул гардиданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки амалисозии босамари лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» барои таҳкими низоми кумаки аввалияи тиббӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар анҷоми ҷаласа масъулин вазифадор гардиданд, ки иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо сари вақт таъмин намуда, ҳамоҳангсозии байниидоравиро тақвият бахшанд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»






