Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳаракати ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар канори шоҳроҳи байналмилалии Чанок-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ беш аз 5 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо нафар сокинони ноҳия, кормандони ташкилоту муассиса ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд.
Соли 2026 тибқи нақша дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.
Ин иқдом ба беҳтарсозии вазъи экологӣ, пешгирии биёбоншавӣ ва фароҳам овардани муҳити сабзу хуррами зиндагӣ барои сокинон равона гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад






