«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид

Февраль 16, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи сафар музокирот дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ баргузор шуда, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.

Ҳамчунин дурнамои таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо оид ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Инчунин ҷонибҳо бо тамаркуз ба сатҳи баланди ҳусни тафоҳум байни ду мамлакат идомаи ҳамоҳангсозии иқдом дар доираи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.

Вазирон азми ҷонибҳоро барои доир кардани машваратҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат, ҳамчунин фаъолсозии механизмҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ тасдиқ намуданд.

Дар анҷом «Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард