БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад

Февраль 28, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон тибқи нақша, соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад. Дар ин хусус муовини Раиси шаҳри Ҳисор Баҳодур Назарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки сокинон ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар ҳудуди шаҳр қариб 6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳандаю сояафкан шинониданд. Хусусан бо мақсади ҳарчи бештар сабзазор намудани шафати роҳҳои мошингард ва теппаҳои бекорхобида, бо назардошти иқлими минтақа зимни маъракаи ниҳолшинонӣ аз шоҳроҳи мошингарди Душанбе то осоишгоҳи Шоҳамбарӣ, ки ба ин мавзеъ меҳмонони зиёд меоянд, дар ду шафати роҳи мошингард ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи арча ва сӯзанбарг, инчунин дар атрофи чойхонаи миллии «Харбуза» бо иштироки кормандони идораву ташкилот, идораҳои ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, сокинони 12 ҷамоати шаҳраку хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр зиёда аз 1500 бех ниҳоли дарахти павловния ва дигар ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд.

Ҳоло барои шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан дар дигар мавзеъҳои шаҳр аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор доир ба интихоби қитъаи замин ва шинонидани ниҳолҳо корҳои агротехникӣ идома доранд. Инчунин кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор пурра ба парвариш ва таъмини нашъунамои ниҳолҳо, хусусан аз хушкшавӣ эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо ва нуриҳои органикию об додани онҳо вобаста гардидаанд.

Баҳодур Назарзода афзуд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор бо мусоид омадани боду ҳаво то рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз идома ёфта, беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишию мевадиҳанда шинонида мешавад.

Дар шаҳри Ҳисор якчанд хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва инчунин хоҷагиҳои деҳқонии ниҳолпарварии хусусӣ фаъолият доранд, ки дар омодакунӣ ва парвариши ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда таҷрибаи хуб доранд.

Иброз гардид, ки дар раванди сабзазоркунӣ ва татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», васеъ намудани майдони боғу токзор дар минтақаҳои доманакӯҳи шаҳри Ҳисор ва талу теппаҳои лалмӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид бунёди боғу токзор вусъат дода мешавад. Инчунин аз ҷониби кишоварзон корҳои омода намудани техникаҳои кишоварзӣ, башаклдарории дарахтон, пошидани заҳрхимикатҳо ба дарахтони мевадиҳанда дар боғҳо, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо ва дигар корҳои агротехникӣ идома доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 28, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд