Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид

Февраль 24, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии  таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ баргузор гардид. Зимни он Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар  вилоят сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, дастаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят рақобат намуданд.

Дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сазовори ҷойи якум гардид, бо медал, Диплом, Ҷоми Раиси вилоят ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дастаҳое, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд, низ соҳиби медал, Диплом ва мукофоти пулӣ шуданд.

Беҳтарин ҳамлагарону бозингарон ва дарвозабон низ ҳавасманд гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 24, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид